Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳбари САҲА дар Бишкек ва тазоҳуроте дар шарқ


Раиси ҷумҳурии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев имрӯз дар Бишкек бо дабири кулли САҲА Марк Перрин Де Бриҳамбаут дидору гуфтугӯе анҷом дод. Ин мулоқот дар ҳоле ҷараён гирифт, ки ҳудудан 300 узви нирӯҳои мухолифин дар шаҳраки Туюпи вилояти шарқии Иссиқкӯл аз созишномаи ахиран имзошудаи миёни Қирғизистону Қазоқистон дар заминаи ба ихтиёри Қазоқистон гузаштани чаҳор осоишгоҳе дар марзи кишвар эътироз карданд. Аъзои мухолифин ният доранд дар Бишкек ин тазоҳуроти худро идома диҳанд. Хабарнигори радиои Озодӣ аз шаҳраки Туп гузориш медиҳад, ки баъзе гурӯҳҳои пуштибон аз ҳукумат ба аъзои мухолифин дар маҳалли тазоҳурот ҳамла карданд.
XS
SM
MD
LG