Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти ногаҳонии Чин бо мухолифонаш


Мақомоти Чин дар садади мулоқот бо намояндагони Далай Лама – раҳбари рӯҳонии буддоиёни Тибет ҳастанд. Бино ба иттилои хабаргузории расмии Чин “Синхуа”, мулоқоти мазкур “дар рӯзҳои наздик» баргузор хоҳад шуд. Ҳукумати Чин Далай Ламаро ба барангехтани ошӯбҳои чанде пеш дар Тибет муттаҳам мекунад. Вале ҳукумати табъидии Тибет худи мақомоти расмии Чинро муттаҳам кардааст, ки гӯё ба хотири саркӯбии тибетиёни норозӣ аз ҳукмронии Чин дар минтақа бардурӯғ ошӯб ташкил додаанд.
XS
SM
MD
LG