Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимоят аз талоши Укроин ва Гурҷистон ба узвият дар НАТО


Чаҳор кишвари аврупоӣ аз талошҳои Укроин ва Гурҷистон ба узвият дар Паймони Атлантики Шимолӣ пуштибонӣ карданд. Вазоратҳои умури хориҷии Ҷумҳурии Чех, Маҷористон, Лаҳистон ва Словакия -- иттиҳоде, ки бо номи гурӯҳи Вишеград маъруф аст, изҳоротеро ба ин маънӣ имзо карданд. Талоши Укроин ва Гурҷистон ба узвият дар НАТО аввали ин моҳ дар Бухорест, ба нокомӣ анҷомид, зеро бо вуҷуди пуштибонии Иёлоти Муттаҳида, Канада ва чанд давлати дигар, Фаронса, Олмон ва аъзои дигари НАТО ба ин талош мухолифат карданд. НАТО ваъда кардааст, ки дар оянда ин ду кишварро ба узвият хоҳад пазируфт.
XS
SM
MD
LG