Вазири умури хориҷаи Гурҷистон Девид Бакрадзе мегӯяд, саъй дорад, то ки имрӯз дар ҷаласаи изтирории Шӯрои Амнияти Созмони Милал Русияро дар инзиво гузорад. Шӯрои мазкур шоми ҳамин рӯз моҷарои тозаи миёни Русия ва Гурҷистон бар сари минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони ин кишварро баррасӣ мекунад. Ҳукумати Тбилисӣ Русияро ба он муттаҳам мекунад, ки рӯзи якшанбе як ҳавопаймои ҷосусӣ ва бидуни сарнишини Гурҷистонро дар фазои Абхозистон бо зарби мушак маҳв кардааст. Давлати Русия мегӯяд, ки ҳавопаймои мазкурро худи нерӯҳои Абхозистон суқут доданд ва ҳамчунин Гурҷистонро муттаҳам кард, ки бо фиристодани ин ҳавопаймо муқаррароти созиши сулҳи таҳти васоёи Созмони Милал имзошударо зери по кардааст.