Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар Душанбе 35-умин солгарди таъсиси худро баргузор кард. Дар ин маросим намояндагони дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмиллалии муқими Душанбе ҳузур доштанд. 35 соли пеш ба ибтикори марҳум Саидабдуллоҳи Нурӣ ва ҷонибдоронаш созмони аввалияи ин ҳизб дар водии Вахш таъсис ёфт. Баъд аз истиқлоли Тоҷикистон ин ҳизб ба таври расмӣ сабти ном шуд, вале дар солҳои ҷанги дохилӣ сабти номи онро лағв карданд. Баъд аз имзои тавофуқоти сулҳ Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дубора ба таври расмӣ фаъолияти худро идома дод ва ҳоло дар порламони Тоҷикистон ду курсиро дар ихтиёр дорад.