Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Созмони Милал ба Покистон


Созмони Милали Муттаҳид аз Покистон хост, то барномааш ҷиҳати то соли 2009 ба ватанашон бозгардонидани тақрибан 2,4 миллион муҳоҷири афғонро бознигарӣ кунад. Килиан Клейншмидт, як намояндаи Кумиссариёи Олии Созмони Милал дар умури паноҳандагон, ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, барномаи Покистон зоҳиран натиҷа намедиҳад ва тундгароиро доман мезанад.

Соли гузашта ҷомеаи байналмилалӣ Покистонро интиқод кард, монеъи убуру мурури Толибон аз марзаш ба Афғонистон намешавад. Баъди ин Покистон гуфт, ки муҳоҷирони афғонро ба ватанашон бозмегардонад, зеро Толибон дар урдӯгоҳҳои онҳо паноҳ мебаранд. Бар асоси гузоришҳо, дар сурати бозпас фиристодан Афғонистон қодир ба пазируфтани тамоми он паноҳандагони афғон нахоҳад буд.
XS
SM
MD
LG