Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти эҳтимолии Ҷиммӣ Картер бо сарони Ҳамос


Ҳайате аз сарони Ҳамос аз Навори Ғазза вориди Миср шуд, то бо президенти собиқи Иёлоти Муттаҳида, Ҷиммӣ Картер мулоқот кунад.Сухангӯи ҷунбиши тундрави исломӣ гуфт, бо сабаби он ки Исроил вуруди Картерро ба Навори Ғазза манъ кардаанд, мулоқот қарор аст имрӯз дар Қоҳира иттифоқ афтад. Картер, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2002 рӯзи якшанбе сафареро барои тарғиби сулҳ дар Ховари Миёна оғоз кардаанд. Интизор меравад, ки вай бо вуҷуди мухолифати шадиди ҳукумати Амрико, дар Димишқ бо раҳбари сиёсии Ҳамос, Холид Машъал низ мулоқот кунад.
XS
SM
MD
LG