Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ваколати нозирони оташбаси Абхозистон тамдид шуд


Шӯрои Амнияти СММ аз идомаи фаъолияти гурӯҳи нозирони СММ, ки оташбаси миёни Гурҷистон ва минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистони ин кишварро муроқибат мекунанд, пуштибонӣ намуд. Сар аз соли 1993 Абхозистон амалан аз тобеияти Гурҷистон берун шуда, ҳоло дар паи иттиҳод бо Русия мебошад. Ҳангоми баҳси ин масъала дар Шӯрои Амният муноқишае миёни сафирони ИМА ва Русия ба вуқӯъ пайваст. Сафири амрикоӣ Залмай Халилзод аз Русия даъват кард, бар зидди соҳибистиқлолии Гурҷистон амал накунад. Вале сафири Русия Виталий Чуркин гуфт, мушкили воқеӣ тавсеаи ҳузури низомии Гурҷистон дар Абхозистон аст.
XS
SM
MD
LG