Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳокимаи 35 узви Ихвон-ал-Муслимин дар Миср


Додгоҳи ҳарбии Миср 25 узви саршиноси Ихвон-ал-Муслимин, бузургтарин танзими мухолифони давлатро ба мӯҳлатҳои то 10 сол зиндонӣ кард. 15 узви дигари ин созмон дар муҳокима бегуноҳ эълон шуданд. Маҳкумшудагон дар пулшӯӣ ва сармоягузорӣ ба ниҳодҳои мамнӯъ айбдор дониста шуданд. Ихвон-ал-Муслимин дар Миср созмони мамнӯъ мебошад, аммо аъзои он ҳамчун номзадҳои мустақил узви порлумони ин кишвар интихоб гаштаанд.
XS
SM
MD
LG