Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин раёсати "Единая Россия"-ро бар уҳда мегирад


Влодимир Путин-раиси ҷумҳури Руссия зимни суханони худ дар аҷумани "Руссияи Воҳид" ё "Единая Россия" -бузургтарин ҳизби сиёсии ин кишвар изҳор дошт, ки омода аст баъд аз хатми давраи раёсати ҷумҳуриаш дар моҳи май раҳбарии ин ҳизбро бар уҳда бигирад. Вай ҳамчунин гуфт, ки омода аст мақоми нахуствазирии Руссияро низ уҳдадор бошад, агар Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури мунтахаб вайро барои ин мақом интихоб кунад. Оқои Медведев пештар дар ин бора мусбат изҳори назар карда буд. Ҳизби "Руссия Воҳид" аксарияти курсиҳоро дар Думои Давлатии ин кишвар дар ихтиёр дорад ва аз Кохи Кремл ҷонибдорӣ мекунад. Давраи раёсати Путин 7-уми май ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG