Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди гуруснагӣ ба кишварҳои фақир


Роберт Зеллик, раиси Бонки ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки болоравии қимати маводи озуқа шояд боиси гуруснагӣ ва нооромиҳои густарда дар кишварҳои фақир гардад. Зимни суханронӣ дар нишасти муштараки раҳбарони Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байнулмилалалии арз ӯ аз кишварҳои ширкаткунанда дар ин ду ниҳоди молӣ даъват намуд, ки ба хотири кумаки оҷил ба фақиртарин манотиқи олам то рӯзи 1 май ба Барномаи ҷаҳонии озуқаи Созмони милали Муттаҳид 500 миллион доллар тахсис диҳанд.

Ба иттилоъи Бонки ҷаҳонӣ, моҳҳои ахир қимати биринҷ дар ҷаҳон 75 дар сад боло рафтааст. Шурӯъ аз соли гузашта қимати гандум дар олам 120 дар сад афзоиш ёфт.
XS
SM
MD
LG