Сафири Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев гуфт, кишвараш дар тамоми давраи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз пуштибонии мардуми Русия истифода кардааст. Ин изҳороти ӯ дар иди Наврӯзи донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи фарҳанг ва ҳунари шаҳри Химкии вилояти Маскав садо дод. Ба ин муносибат дар Кохи фарҳанги шаҳр намоишгоҳи Тоҷикистон ва консерти идона барпо гашт.