Ду нашрияи русии "Время Новостей" ва "Ведомости" дар нақли қавл аз узви Комиссиюни равобити хориҷии Иттиҳодияи Аврупо навиштанд, ки раиси ҷумҳурии Туркманистон барои ширкат дар тарҳи бунёди лӯлаи гази "Набукко" изҳори омодагӣ кард. Имрӯз дар Ишқободи Туркманистон нишасти вазирони хориҷаи Осиёи Марказӣ ва хонум Бенитта Ферерро Валднер идома кард. Дар саҳифаи интернетии давлати Туркманистон танҳо ҳамин ҷумла оварда шудааст, ки раиси ҷумҳурӣ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов ҷонибдори "тавсеаёбии роҳҳои содироти газ" буда, ӯ "шарикони аврупоиро барои саҳмгузорӣ дар ин тарҳ" даъват мекунад. Лӯлаи гази "Набукко" интиқоли газро ба Аврупо бо фирор аз роҳи Русия дар назар мегирад.