Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Буш ба гуфтушуниди Чину Тибет


Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷорҷ Даблю Буш, аз мақомоти Чин даъват кард, бо намояндагони раҳбари маънавии тибетиҳо, Далай Лама вориди музокира шаванд. Вай гуфт, ба фикри ӯ "оғози чунин як гуфтушунид бо намояндагони Далай Лама барои ояндаи Чин муҳим ва муфид хоҳад буд. Агар як дафъа онҳо бо Далай Лама аз наздик мулоқот кунанд, хоҳанд дарёфт, ки ин як марди нек, марди сулҳ ва мухолифи зӯроварист, на тарафдори истиқлолият, балки хостори таҳкими ҳувияти тибетиҳост."
XS
SM
MD
LG