Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Иттиҳодияи Аврупо ва Осиёи Марказӣ


Дар мулоқоти Иттиҳодияи Аврупо ва намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ашхободи Туркманистон имрӯз тақвияти ҳамкориҳо миёни тарафҳо баррасӣ мешавад. Ҳайъати Иттиҳодияи Аврупоро Кумиссионери умури хориҷаи ин иттиҳодия Бенито Ферреро Валднер раҳбарӣ мекунад ва аз Тоҷикистон дар мулоқот Ҳамроҳхон Зарифов вазири умури хориҷа ширкат дорад.
Иттиҳодияи Аврупо барои баҳра бурдан аз захираҳои фаровони нафту газ дар Осиёи Марказӣ талош дорад ва пеш аз ин нишаст созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар аз раҳбарони иттиҳодия хост, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба вазъи бади ҳуқуқи башар фишор оваранд.

XS
SM
MD
LG