Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

42 донишҷӯи ироқиро раҳо намуданд


Нерӯҳои амниятии Ироқ мегӯянд, 42 донишҷӯй аз асорати силоҳбадастон раҳо шуданд. Рӯзи якшанбе дар канори шаҳри шимолии Мавсили Ироқ силоҳбадастон 42 донишҷӯи ҷавони савори автобусро рабуда буданд.
Холид Абдусаттор сухангӯи полиси вилояти Найнаво гуфт, ки автобуси дуюми донишҷӯён тавонист аз силоҳбадастон фирор намояд.
Масъулияти одамрабоиро ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
Низомиёни ИМА мегӯянд, Мавсил, ки сеюмин шаҳри бузурги Ироқ аст, охирин истеҳкоми мадании Ал-Қоида дар ин кишвар ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG