Додгустари амрикоӣ ҳукм баровард, ки собиқ сарвазири Украина Павло Лазаренко ба як соҳибкори украинӣ тахминан 19,5 миллион доллар супорад.
Петр Клитченко иддао дошт, ки дар давраи сарвазирӣ Лазаренко аз ӯ талаб карда буд, ки дар муқобили муомилаи дорои имтиёз ин соҳибкор ба ӯ нисфи ширкаташро ба номи Лазаренко гузаронад.
Рӯзи ҷумъа додгоҳи шаҳри Сан Франтсискои аёлати Калифорния бо даъвои Клитченко мувофиқат кард.
Лазаренко дар солҳои 1996-1997 сарвазири Украина будааст. Соли 2004-ум додгоҳи ИМА ӯро дар шустушӯи пул, фиреб ва пулситонӣ муҷрим донист.