Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санкт Петербург мехоҳад мизбони олимпиада бошад


Шаҳри Санкт Петербурги Русия барои мизбонии бозиҳои олимпии тобистони соли 2020-ум талош хоҳад варзид. Аснои сайри машъали олимпӣ волии Санкт Петербург Валентина Матвиенко ин хабарро эълон кард. Соли гузашта шаҳри Сочии Русия мизбони бозиҳои олимпии зимистони соли 2014-ум интихоб шуда буд. Дар собиқ қаламрави Шӯравӣ бозиҳои олимпӣ ҳамагӣ як дафъа: соли 1980 дар шаҳри Маскав барпо шудаанд.
XS
SM
MD
LG