Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дастури Нурӣ Ал Моликӣ ба низомиён


Нахуствазири Ироқ Нурӣ Ал Моликӣ имрӯз ба нерӯҳои амниятӣ дастур додааст, ки амалиёту боздоштҳо дар саросари Ироқро бас карда ва ба мусаллаҳони шиъамазҳаб барои таслими силоҳҳояшон фурсат диҳанд. Ин баёнияро дафтари нахуствазири Ироқ дар ҳоле содир кард, ки пас аз дастури саркӯбии мусаллаҳони шиъамазҳаб, асосан аз Артиши Маҳдии Муқтадо Садр ҷангҳо миёни нерӯҳои амниятии Ироқ ва ин мусаллаҳон авҷ гирифтанд. Созмони Милал имрӯз гуфт, дар ин набардҳо 700 нафар кушта ва бештар аз якуним ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд. Нурӣ Ал Моликӣ ба мусаллаҳони шиъамазҳаб то ҳаштуми апрел фурсат додааст, ки силоҳҳояшонро ба замин гузоранд.

XS
SM
MD
LG