Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳати "Жюл Верн" ба кайҳон


Нахустин киштии кайҳонии боркаш ва бидуни сарнишини Аврупо имрӯз ба истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ васл хоҳад шуд. Фазонаварди боркаши Оҷонси Кайҳоншиносии Аврупо ба истгоҳи мазкур чандин тонна оксиген, маводи ғизоӣ ва об мебарад ва қарор аст, соати ҳафту чил ба вақти Душанбе ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ бирасад. Киштии кайҳонии боркаш, ки ба хотири нависандаи маъруфи фаронсавӣ “Жюл Верн” номаш ниҳодаанд, 9 март бо мушаки Ориёно-5 ба осмон партоб шуд.

XS
SM
MD
LG