Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии нафари муттаҳам ба қатли як хонавода


Маҳмадалӣ Ҳасанов, сокини ноҳияи Ховалинг, ки бино ба хабарҳо, рӯзи 1 апрел зан, хушдоман ва додарарӯси худро парронда буд, худкушӣ кардааст. Мақомот мегӯянд, дар ҷараёни таъқиби Ҳасанов дар рустои Карбостанаки ноҳияи Мӯъминобод вай ба кормандони милиса бо мусалсали Калашников муқовимат нишон дода ва сипас худкушӣ мекунад. Хушдомани Маҳмадулло Ҳасанов, Зебогул Ҳасанова низ бар асари захми тир дар бемористон даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG