Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шеваи ғайриоддии тақсими молу мулк дар Сербистон


Вақте Бранко Живков, як кишоварзи 76-солаи серб баъди 45 соли зиндагӣ аз ҳамсараш Вукадинка ҷудо шуд, додгоҳ қарор кард, ки бояд тамоми молу мулки дар ин 45 сол ҷамъовардаи ин хонавода байни зану шаҳари собиқ баробар тақсим шавад. Аз ҷумла куллия таҷҳизоти хоҷагии кишоварзии онон.

Бранко Живков ба хотири иҷрои ҳукми додгоҳ, арраи барқиро ба даст гирифта, ҳама молу мулкеро, ки дошт, сар карда аз охӯри гову юғу испор ва мошини алафдаравиро аз байн ду тақсими баробар мекунад. Бранко Живков ба рӯзномаи “Курйер", чопи Белград, пойтахти Сербистон, гуфтааст, ҳанӯз намедонад, ки танҳо говашонро чӣ гуна тақсим кунад. Ӯ мегӯяд, ҳаққи интихоб ба ҳамсараш аст, ки оё аз нисфи гов то думашро мегирад ва ё нисфи дигари гов бо шохҳояшро.

XS
SM
MD
LG