Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои нави Минск аз сафорати Амрико


Беларус аз Амрико хост, шумори кормандони сафораташ дар Минскро 2 маротибаи дигар коҳиш диҳад. Дар моҳи март, мақомоти Беларус ба нишони эътирози ба таҳримоти ҷоришуда алайҳи ширкати “Белнефтехим” хостори аз 30 ба 17 нафар коҳиш додани шумори кормандони сафорати Амрико шуда, аз сафири Амрико низ хоста буданд, қаламрави кишварро тарк кунад.

Муовини вазири хориҷаи Беларус Виктор Гайсёнок гуфт, Минск ба Вошингтон гуфтааст, ки шумори кормандони сафоратхонаҳои ҳарду кишвар набояд беш аз 7 нафар бошанд.

Амрико мегӯяд, таҳримоти ҷорикардааш алайҳи “Белнефтехим” ба хотири ба роҳандозии ислоҳоти демократӣ ва раҳоии маҳбусини сиёсӣ маҷбур кардани Александр Лукашенко, президенти кунунии Беларус буд.

XS
SM
MD
LG