Хабарнигори рус Елена Трегубова мегӯяд, Бритониё ба ӯ паноҳгоҳи сиёсӣ додааст. Трегубова, ки дар Лондон ба сар мебарад, ба Ройтерс гуфтааст, ки вазорати умури дохилаи Бритониё дархости ӯ ба манзури дарёфти паноҳандагӣ дари н кишварро тасвиб кардааст.
Елена Трегубова, хабарнигори пешини рӯзномаи “Коммерсант”, чопи Маскав, ва муаллифи 2 китоб дар бораи ҳаёти пасипардагии сардамдорони сиёсати кунунии Русия, гуфт, ҳаёти ӯ дар Русия ба далели матолиби интиқодие, ки ӯ дар бораи сарони кунунии Кремлин менавишт, таҳти хатар уфтода ва ӯ ба ҳамин хотир дархости паноҳандагӣ кардааст.
Трегубова 4 сол пеш баъд аз як инфиҷор дар пушти дари манзилаш тарки Маскав кард.