Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ишораи Амрико ба нақши Маскав дар марги Литвиненко


Маҷлиси намояндагони Иёлоти Муттаҳида қатъномаеро ба тасвиб расонд, ки дар он гуфта мешавад, ҳукумати Русия мумкин аст, дар марги собиқ афсари хадамоти амнияти Русия, Александр Литвиненко нақш доштааст. Қатънома аз президенти Амрико Ҷорҷ Даблю Буш ва вазири умури хориҷӣ Кондолиза Райс даъват мекунад, ба мақомоти Русия фишор оваранд, то онҳор ба ҳамкорӣ бо пажӯҳишгарони Бритониёӣ водор созанд. Литвиненко дар моҳи ноябри соли 2006 аз маводи радиоактиви полониум-210 ба ҳалокат расид. Ҳукумати русия ҳама гуна рабташро ба ин ҳодиса рад мекунад.
XS
SM
MD
LG