Сарвазири Фаронса Франсуа Филон мегӯяд, ки кишвараш кӯшишҳои Украинаву Гурҷистон барои узвияти Наторо дастгирӣ намекунад. Аснои сӯҳбат бо радиои France Inter ӯ гуфт, Фаронса мухолифи узвияти Украинаву Гурҷистон дар паймони Нато мебошад, зеро ба фикри мақомоти фаронсавӣ ин амал посухи дуруст ба мувозинати нерӯ миёни Аврупо ва Русия нахоҳад буд.