Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муқтадо Садр ба хатми даргириҳо даъват кард


Раҳбари рӯҳонии шиъаҳои тундрави ироқӣ Муқтадо Садр аз тарафдоронаш даъват кард, набардҳо алайҳи нирӯҳои давлатиро бас карда, дар кӯчаҳои Басра ва шаҳрҳои дигари Ироқ силоҳ дар даст зоҳир нашаванд. Сухангӯи давлати Ироқ Алӣ Даббоғ ин иқдоми Муқтадо Садрро “мусбат” номидааст. Муқтадо Садр дар изҳороти хаттиаш ҳамчунин гуфтааст, ки агар давлат амалиётҳои “ғайриқонунӣ ва ногаҳонӣ” алайҳи тарафдорони ӯро қатъ карда, онҳоеро, ки бидуни эъломи иттиҳоми расмӣ дар боздошт ба сар мебаранд, раҳо кунанд, вай ҷангиёни худро аз кӯчаҳои Басра ва шаҳрҳои дигар берун хоҳад кашид.

Тайи 6 рӯзи даргириҳо дар Басра ва шаҳрҳои дигари ҷануби умдатан шиъанишини Ироқ ва дар минтақаҳои шиъанишини Бағдод, бино бар ҳисобҳо, чандсад нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG