Имрӯз дар шаҳри юнонии Атен маросими тақдими машъали олимпӣ ба Чин баргузор шавад. Ин маросим дар варзишгоҳи аслии Атен (Panathenian) дойир хоҳад шуд, ки дар он соли 1896 нахустин бозиҳои замонавии Олимпӣ дойир шудааст. Дар пайи намоишҳои эътирозии дирӯза дар ин маҳал, имрӯз атрофи варзишгоҳро ҳалқаи сахти амниятӣ иҳота кардааст. Тазоҳургарон фаъолони ҳуқуқи башар ҳастанд, ки зидди саркӯби эътирозҳои Тибет аз ҷониби мақомоти Чин раҳпаймоӣ карданд. Қарор аст, рӯзи 31 май машъали олимпӣ дар як ҳавопаймои вижа ба пойтахти Чин шаҳри Пекин оварда шавад.