Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз зарбулаҷали Басра ба анҷом мерасад


Сарвазири Ироқ Нурӣ Ал-Моликӣ ба ҷангҷӯёни шиамазҳаби мустақар дар шаҳри ҷанубии Басра ҳушдор дод, ки силоҳашонро то ҷумъаи 28-уми март ба замин гузоранд, вагарна паёмади амалиёти нерӯҳои амниятӣ бар дӯши онҳо хоҳад буд. Се рӯз инҷониб дар Басра артиши ҳукумати Ироқ бар зидди артиши Маҳдии рӯҳонии шиамазҳаб Муқтадо Ас-Садр қиём кардааст. Ас-Садр ба Ал-Моликӣ машварат додааст, ки аз шаҳр берун шуда, сари мизи музокирот нишинад. Дар бархӯрдҳои мусаллаҳонаи рӯзҳои ахир дар шаҳрҳои Басра, шаҳраки Садри Бағдод ва дигар шаҳрҳои ҷанубии Ироқ даҳҳо нафар кушта ва ё маҷрӯҳ шудаанд.
XS
SM
MD
LG