Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ ба бархурд бо пулис пайваст


Мақомоти Белорус эълом доштанд, ки ҷонибдорони боздоштшудаи аҳзоби мухолиф дар вайрон кардани тартиби баргузориии намоишҳои оммавӣ муттаҳам мешаванд. Қаблан Владимир Наумов, вазири умури дохилаи Белорус гуфта буд, ки 80 тан аз намоишгарон боздошт шудаанд ва миёни онҳо наврасони ноболиғ низ ҳастанд. Ба иттилоъи ҳомиёни ҳуқуқи башари Белорус, теъдоди боздоштшудагон беш аз сад нафар аст.

Гирдиҳамоии ҷонибдорони аҳзоби мухолифи ҳукумат дирӯз бо ширкати ҳазорҳо нафар ба хотири таҷлил аз 90-умин солгарди таъсиси Ҷумҳурии мардумии Белорус ташкил шуда буд. Миёни гирдиҳамомадагон ва гурӯҳи зудамали вазорати дохила бархурд ба вуқуъ пайваст.

XS
SM
MD
LG