Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Моликӣ хостори халъи силоҳи ошубгарон шуд


Имрӯз Нурӣ Ал-Моликӣ, сарвазири Ироқ аз мусаллаҳони “Артиши Имом Ал-Маҳдӣ” талаб кард, ки тайи 72 соат силоҳ ба замин гузоранд. Ба иттилоъи расмӣ, бар асари амалиёти артиши ҳукумати Ироқ алайҳи мусаллаҳони ин гурӯҳ дар шаҳри Басра дасти кам 40 нафар кушта ва тақрибан 200 нафар маҷрӯҳ шудаанд. “Артиши Имом Ал-Маҳдӣ” таҳти фармони раҳбари шиаҳои ифротгаро Муқтадо Ас-Садр қарор дорад.

Гурӯҳи мусаллаҳи Ас-Садр тайи чанд моҳ оташбасро риоя кард ва аммо чанд рӯз пеш намоишҳои эътирозиро алайҳи боздошти ҷонибдоронаш аз сӯи ҳукумати Ироқ шурӯъ намуд. Ин намоишҳо ба муқовимати мусаллаҳона печиданд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, дар Бағдод низ задухурди миёни неруҳои ҳукуматӣ ва ҷонибдорони Ас-Садр шурӯъ шудааст. Ба неруҳои ҳукуматӣ низомиёни амрикоӣ кумак мекунанд.

XS
SM
MD
LG