Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис Маскавро танқид кард


Гурҷистон имрӯз парлумони Русияро барои талошҳояш дар роҳи эътирофи истиқлолияти ҷумҳуриҳои ҷудоихоҳи Абхозистону Осетияи Ҷанубӣ танқид кард. Вазорати хориҷаи Гурҷистон бо нашри баёнияе гуфт, ки кӯшишҳои ахири Думаи давлатии Русия дар ин самт баёнгари он аст, ки ин кишвар мехоҳад ба таври ғайриқонунӣ ба умури Гурҷистон мудохила кунад. Дар паи барасмият шинохта шудани истиқлолияти Косово аз ҷониби чанд давлати ғарбиву аврупойӣ, парлумони Русия дафъатан ташаббуси ҳамсонро бо манотиқи ҷудоихоҳи Гурҷистон ба роҳ монд.
XS
SM
MD
LG