Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақозои Ҳизби Сотсиал-Демократ рад шуд


Мақомоти шаҳри Хоруғи Бадахшон тақозои бахши Ҳизби Сотсиал-Демократи Тоҷикистон барои баргузории тазоҳурот дар ин шаҳрро рад кардаанд. Мақомоти расмӣ гуфтаанд, додани ҳаққи иҷоза барои тазоҳурот дар шаҳри Хоруғ салоҳияти онҳо нест ва аз ин сабаб наметавонанд, дархости Ҳизби Сотсиал-Демократро иҷро кунанд.
Бахши вилоятии Ҳизби Сотсиал- Демократи Тоҷикистон мехоҳад, ба зидди иқдомоти ҳукумати кишвар, ки як ҳазор километри мураббаъи қаламравҳои баҳснокро дар ихтиёри Чин гузошт ва ҳамчунин панҷ деҳаи вилояти Бадахшонро ба ноҳияи Тавилдара ҳамроҳ кард, эътироз кунад.

XS
SM
MD
LG