Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Фатҳ бо Ҳамос дар музокироти Санъо


Гурӯҳҳои бо ҳам рақиби фаластинӣ - Фатҳ ва Ҳамос дар Санъо, пойтахти Яман ба манзури рафъи ихтилофи назарҳо тавофуқ бастаанд. Яман дар ин музокирот нақши миёнҷиро бозӣ мекард ва ҳадафи музокирот пайдо кардани як роҳи ҳалли таниши уфтода байни сарзаминҳои фаластинӣ дар навори Ғаза ва дар каронаи бохтарии рӯди Урдун гуфта мешуд.

Ҳамос баъд аз як рӯёрӯи мусаллаҳона бо гурӯҳи Фатҳ дар моҳи июни соли 2007, назорат бар навори Ғазаро ба даст овардааст. Сухангӯи Ҳамос Самеъ Абӯзӯҳрӣ гуфт, тавофуқоти Яман “заминаи гуфтугӯ” байни ин 2 гурӯҳ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG