Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барои католикҳо Иди Пок фаро расид


Имрӯз католикҳои ҷаҳон аз Иди Пок таҷлил мекунанд. Ин идро католикҳо ба фарқ аз православиҳо тақрибан 2 ҳафта пештар ҷашн мегиранд.

Попи Рум Бенедикти 16-ум дар паёмаш ба муносибати Иди Пок ба ҳалли мушкилоти доғи ҷаҳони муосир, аз ҷумла дар Ховари Миёна, Африқо ва Тибет даъват кардааст.

Хатми бадбинӣ, нафрату адоват ва хушунат аз дигар аҷзоъи муҳими паёми имсолаи раҳбари католикҳои дунё буд. Паёми сарвари католикҳои ҷаҳон "Ба шаҳр ва ба Ҷаҳон” унвон дошта, маъмулан дар 2 сол танҳо 1 маротиба ваъз мешавад.

Бенедикти 16-ум ки дар моҳи оянда 81 сола мешавад, Иди Покро дируз дар ҷамъи даҳҳо ҳазор зоири католики гирдиҳамомада дар майдони Петри Валӣ дар Ватикан таҷлил намуд. Дар Иди Пок масеҳиён зуҳури дубораи пайғамбар Исои Масеҳро ҷашн мегиранд. Маросими таҷлили Иди Пок дар Ватикан аз тариқи шабакаҳои телевизиони ба таври зинда ба 57 кишвар пахш гардид.

XS
SM
MD
LG