Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Силсилаи нави ҳамалот ба минтақаи сабзи Бағдод


Имшаб минтақаи сабзи Бағдод, маҳалли истиқрори идороти давлативу дипломатӣ, ки таҳти ҳимояти шадиди нирӯҳои Амрико қарор дорад, ҳадафи силсилаи нави ҳамалоти мушакӣ ва хумпораӣ қарор гирифт. Маркази Бағдодро дасти кам 6 таркиши алоҳида таккон дод ва аз ин минтақа дуд мебаромад.

Дирӯз минтақаи сабзи Бағдод, ҳамин тавр, ҳадафи ду ҳамлаи дигар қарор гирифта буд. Сафорати Амрико, бидуни ташхиси ҳуввият ва шаҳрвандӣ, дар бораи ҷароҳат бардоштани дасти кам 5 нафар дар асари он ду ҳамла хабар додааст.

Дирӯз дар асари ҳамалоти террористиву чирикӣ дар саросари Ироқ даҳҳо нафар кушта шуданд. Ва нирӯҳои Амрико дар ҳамин ҳол мегӯянд, дар як амалиёт дар наздикии шаҳри Бақуба, дар шимоли Бағдод 12 чирикиро ба ҳалокат расондаанд.

XS
SM
MD
LG