Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташавии рӯзноманигори қирғиз ҳамроҳи ҳамсараш


Дар Бишкек ҷасадҳои рӯзноманигор ва хонуми вай пайдо шудааст. Юрий Александров, корманди рӯзномаи русизабони "Вечерний Бишкек" ва хонуми вай Ангелина Александрова 7-уми марти соли ҷорӣ бедарак шуда буданд. Хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ медиҳад, пулис мардеро боздошт кардааст, ки хонаи Алесандровро иҷора мекард. Бино ба хабарҳо, ин мард тақрибан эътироф кардааст, ки дар куштори ин ду нафар даст дорад. Пулис мегуяд, куштор ангезаҳои сиёсӣ надорад.

XS
SM
MD
LG