Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъалаи нархи нафт дар Риёд баррасӣ шуд


Дик Чейнӣ, муовини раиси ҷумҳури Амрико ва Абдуллоҳ, шоҳи Арабистони Саъудӣ, дар дидори худ дар Риёд ба шиддат боло рафтани нархи сухт дар саросари ҷаҳонро баррасӣ карданд. Таҳлилгарони наздик ба Дик Чейнӣ мулоқотро судманд арзёбӣ кардаанд. Амрико борҳо аз Арабистони Саъудӣ хоста буд, ки истихроҷи нафтро афзоиш диҳад, то нархи нафт поин равад. Вале Арабистони Саъудӣ ба дархости Амрико тан дар намедод. Дик Чейнӣ аз Исроил ва Туркия низ боздид мекунанд.

XS
SM
MD
LG