Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қонун доир ба омбудсмен имзо шуд


Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонун доир ба омбудсмен ва ё ваколатдори ҳуқуқи инсонро имзо кардааст. Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур рӯзи 20 март гуфт, ки ин қонун ба мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Тоҷикистон қабул шуд. Созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар кишвар пештар гуфта буданд, ки ин қонун доир ба ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ноқис аст ва ваколатдори ҳуқуқи инсонро пойбанди раиси ҷумҳур мекунад. Ин созмонҳо бо ирсоли номае аз порлумон хоста буданд, ки пешниҳодоти созмонҳои ҳуқуқро зимни таҳияи қонун ба инобат бигиранд.

XS
SM
MD
LG