Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

3 ҳамсоякишвар Косоворо ба расмият шинохтанд


Булғористон, Маҷористон ва Хорватия истиқлолияти Косоворо расман эътироф карданд. Ин тасмими муштараки ин се кишвар дирӯз ҳамзамон дар пойтахтҳои онон эълон шуд. Ин кишварҳо нахустин кишварҳои ҳамҷавор бо Сербистонанд, ки Косоворо ба расмият шинохтанд.

Косово, ки бахши аъзами ҷамъияташро албанитаборон ташкил медиҳанд, дар моҳи феврал эълони истиқлолият кард.

Сербистон, ки ба истиқлолияти Косово шадидан мухолиф аст, билофосила сафирони худро аз Загреб ва Будапештро барои машварат фаро хондааст.

XS
SM
MD
LG