Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари захмии украинӣ даргузашт


Дирӯз як афсари украинӣ аз ҳайъати нирӯҳои пулиси байналмилалии мустақар дар Косово бар асари захмҳои рӯзи душанбе бардоштааш дар ҷараёни задухӯрд бо тазоҳургарон дар бемористон даргузашт.

Хушунатҳо дар шаҳри умдатан сербинишини Митровитса, дар шимоли Косово, хунинтарин мавриди хушунат дар ин қаламрави Балкан аз замони эълони истиқлолияти Косово дониста шудааст. Дар Митровитса дар маҷмӯъ, беш аз 60 нафар аз ҳайъати пулис ва нирӯҳои байналмилалӣ ва тақрибан 70 тан аз тазоҳургарон маҷрӯҳ шуданд.

XS
SM
MD
LG