Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муборизаҳои пешазинтихоботӣ дар Румӣ оғоз шуд


Ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон номзадҳои худро ба интихоботи миёнадаврии парлумонӣ дар ноҳияи Румӣ, ки рӯзи 27 апрел доир хоҳад шуд, пешбарӣ кардаанд. Аз номи ҳизби ҳоким дар ин ҳавза Холназар Маҳмадалиев, як мақоми маҳаллии иттифоқҳои касаба ва аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Пайшанбе Ғайратов, як омӯзгори мактаб вориди мубориза мешаванд. Барандаи ин интихобот дар Маҷлиси Намояндагон Сироҷиддин Наҷмиддиновро, ки моҳи январ раиси ноҳияи Қумсангир таъин шуд, иваз хоҳад кард.

Аммо ҳизбҳои мухолифи давлат ҷараёни интихоботҳои миёнадавраӣ дар кишварро ғайриодилона хонда, аз ширкат дар ин маъракаҳо даст кашидаанд.

XS
SM
MD
LG