Дар Маскав боз ду шаҳрванди Тоҷикистон мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, онҳо дирӯз бо захмҳои зиёди корд ба бемористон интиқол ёфтанд. Табибон мегӯянд, ки вазъи яке аз маҷрӯҳон – сокини 52 солаи Тоҷикистон сангин аст. Кормандони милиса ҳадс мезананд, ки ин ҳамла аз сӯи миллатгароҳои рус сурат гирифтааст.