Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пайравони Аҳмадинажод пешдастӣ доранд


Натиҷаҳои ибтидоии интихоботи парламентии Эрон аз он шаҳодат медиҳанд, дар раъйдиҳии 14-уми март муҳофизакорони пуштибон аз президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод дастболо хоҳанд шуд.
Тибқи гузориши телевизиони Эрон то ҳанӯз ҳисоби овозҳо дар 144 ҳавза ба анҷом расидааст. Дар 53 ҳавза муҳофизакорони ашаддӣ, дар 38 ҳавза муҳофизакорони муътадил, дар 18 ҳавза ислоҳотталабон ва дар 35 ҳавза довталабҳои мустақил соҳиби курсии парламент шудаанд.
Умуман, парламенти Эрон аз 290 курсӣ иборат аст.
Вазорати умури дохилии Эрон гузориш додааст, ки дар овоздиҳии рӯзи ҷумъа 65 % раъйдиҳандагон ширкат варзиданд.
Ислоҳотталабони эронӣ ва нозирони мустақил интихоботи парламентии Эронро ноодилона мешуморанд, зеро мақомот шумори зиёди номзадҳои ислоҳҳотталабро аз сабқат маҳрум намуданд.
XS
SM
MD
LG