Раҳбарони мусулмонони ҷаҳон ифротгароӣ ё худ экстремизм ва терроризмро ба ҳайси афкори ғайри қобили қабул барои дини ислом маҳкум намуда, пешниҳод карданд, ки бо ҳадафи танзими муколама миёни мусулмонон ва аҳли насрония як нишасти байналмилалии баландпоя барпо шавад. Дирӯз дар шаҳри Дакари Сенегал раҳбарони ҳайъатҳои 57 кишвари узви Созмони Конфронси Исломӣ ақидаҳои хавф аз исломи мавҷуд дар мамолики ғарбиро танқид карданд. Ба гуфти онҳо дар ҳолатҳои зиёд бо мусулмонон беасос ҳамчун бо террористон муомила мекунанд.
Рӯзи ҷумъа дар поёни нишасти дурӯза президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбари ҷаласаи Созмони Конфронси исломӣ пешниҳод кард, ки ба хотири рушди муассири кишварҳои мусулмонӣ як бунёди ҳамбастагии исломӣ таъсис ёбад.