Шаби гузашта маркази шаҳри Атлантаи ИМА бо гирдбод мувоҷеҳ шуд. Дар натиҷа чанд тан маҷрӯҳ гардида, ба биноҳо зиён расидааст. Гирдбод ё худ торнадо аз маркази шаҳри Атланта ва аз ҷумла қароргоҳи телевизиони CNN, меҳмонсароҳо, марказҳои тиҷорат ва варзишгоҳ убур намуда, ба биноҳо хасорот расондааст. 9 нафар бо ҷароҳатҳо ба шифохона интиқол ёфтаанд. Аҳволи яке аз онҳо ҷиддӣ арзёбӣ шудааст.