Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кашфи маризони сил меафзояд


Вазорати беҳдошти Тоҷикистон мегӯяд, феълан, дар Тоҷикистон бештар аз 6000 нафар сироятшуда ба маризии сил аст ва мегӯяд, ба дунболи он ки минтақаҳои нави кишвар ба барномаи мубориза алайҳи сил фаро гирифта шудаанд, кашфи афроди гирифтор ба маризии низ сил рӯ ба афзоиш дорад.

Саъдулло Сайдалиев, раҳбари Маркази мубориза бо маризии сили Тоҷикистон мегӯяд, вазъи маризии сил дар Тоҷикистон монанд ба аксари дигар кишварҳои иттиҳодии Шӯравии собиқ муташанниҷ аст ва бо нигаронӣ аз ин вазъ ҳукумати Тоҷикистон дуввумин барномаи миллии мубориза бо маризии силро қабул кардааст. Ба эътиқоди ӯ, барномаи аввали миллии мубориза бо маризии сил, ки барои солҳои 1996-2000 таҳия шуда буд, номуваффақона анҷом шудааст, зеро иллати аслӣ камбуди молии ин барнома будааст. Ва аммо мегӯяд, барномаи дуввуми миллии мубориза бо сил, ки барои солҳои 2003-2010 қабул шуда ва феълан амалӣ мегардад, хеле пешрафтҳо дорад, зеро ҳам сӯи ҳукумати кишвар ва ҳам аз сӯи созмонҳои байналмилалӣ ин барнома пуштибонӣ ёфт.

Ба эътиқоди раҳбари маркази мубориза бо сили Тоҷикистон, вазъи гирифторӣ ба маризии сил дар зиндонҳои кишвар низ нигаронкунанда аст. Бар тибқи маълумоти вазорати адлия, дар соли гузаштаи 2007 тақрибан 1000 нафар зиндониёни кишвар мубталои маризии сил будаанд, ки теъдоди аслии онҳо дар гузашта ба ин маризӣ сироят шудаанд. Вале Саъдулло Сайдалиев, раҳбари маркази мубориза бо маризии сили Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2007 дар зиндонҳои кишвар маризии сил дар вуҷуди наздики 80 нафар маҳбус кашф шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки табибон мегӯянд, як нафар маризи сил ба ҳисоби миёна метавонад 20 нафарро сироят кунад. Ва меафзоянд, густариши маризии сил дар миёни сокинони кишвар бо он иллат сурат мегирад, ки дар бархе маворид мавризон гирифтории худ ба ин маразро пинҳон медоранд ва дар муқобили он хомӯш менишинанд, ҳамчунин бархе дигар бо иллати зиндонӣ будан ва ё қашшоқӣ имкони дурусти табобат аз маризии силро надоштаанд.

Ҳукумати Тоҷикистон дар соли 2007 ҳаҷми маблағҳои мубориза ба маризии сил аз буҷаи давлатро дар қиёс ба соли 2004 се баробар афзудааст ва аммо дар ҷаласаи солонаи ҳукумат раисҷумҳур ҷараёни иҷрои барномаи мубориза бо маризии силро нокофӣ ва ғайри қаноатбахш унвон кардааст.

XS
SM
MD
LG