Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар интизори марг


Восеъ Фарзандон аз оғӯши волидон парҳез мекунанд, волидон аз бӯсидану бӯидани фарзандон...СИЛ орзуҳои оддиву заминиро дастнорас гардонидааст

Ин акси Пиров Султон, як сокини ноҳияи Восеъ аст, ки табибон ӯро аз бемористон бо ин иддао, ки дигар шифо нахоҳад дид, ҷавоб додаанд. Ба истилоҳи худи Султон, ӯ беш аз 1 сол аст, дар интизори марг нишастааст. Ҳар замон, ки ба худ меояд, талаб мекунад, ки 5 фарзанд кӯчаки зебояш аз дур ба ӯ ҷамол намоянд. Ягона умеди падар, бӯсидану бӯидани гулдухтарон ҳамчун орзуи дастнорас боқӣ мондааст. Султон марази сил аст ва метавонад духтаронро сироят кунад.

Ва аммо парҳез аз оғӯши падар наметавонад, ин атфолро бо шумули 500 нафари дигар, ки дар деҳаи Учқун ба сар мебаранд, аз сироят эмин дорад. Зеро дар ин деҳа ва деҳоти акноф марази Сил ҳукмфармост ва онро табибон зудуда наметавонанд. Чаро? Ато Табаров - раиси шӯъбаи тандурустии Кӯлоб мегӯяд, сил марази иҷтимоист ва рафъи он 10 дарсад ба табибон ва 90 дарсад ба сатҳи зиндагонии мардум бастагӣ дорад: «Ин беморӣ проблемаи табибон набуда, проблемаи иҷтимоист!»

Ба истилоҳи дигар, мавзеъи хатарро танҳо як барномаи мушаххаси давлатӣ метавонад аз варта раҳо бахшад.
Миралӣ Куганов, сокини деҳаи Ғелот мегӯяд, марази сил як дарди ҳаминрӯзӣ нест. Сил ҳанӯз соли 1953 дар се деҳаи кӯҳманзари Совет зуҳур карда, тақрибан ҳамаи сокинони деҳотро аз байн бурда буд. Ва роҳи халосӣ аз вартаро, ҳукумати вақт дар кӯчбандии мардум дид: «Соли 1953 деҳоти Нуртайлоқ , Қурбонтайлоқ, Товатош, Қиблаӣ ва зуҳур карда мардум чун мемиранду хонаҳо холӣ мешаванд, пас касалҳои боқимондаро ба деҳоти Ғелот, Нунҷавмаст, Учқун ва Сино мекӯчонанд»

Миралӣ Куганов, ки тӯли 25 соли ахир таърихи пайдоиши маразро меомӯзад, мегӯяд, дар соли 1960 сил тамомии мавзеъро фаро гирифт. Ва маргу мири мардум шурӯъ шуд. Сабаби асили хуруҷи дард дар хоку обу боди мавзеъ нуҳуфтааст. Дар мавзеъ чоҳҳои гази Хоҷа Сартез, кони нафт ва намак ҳастанд. Обе, ки менӯшанд, заҳролуда аст. Ва аммо барои кӯчбандии навбатии мардум бояд ҳукумати маҳаллӣ заминҳои корами пунбаро холӣ кунад. Ва чун сарвати ноҳия ҳамин замини пунба аст, одамонро ба мавзеъи дигар муҳочир накардаанд. Дар ин зимн масъулин рӯи мараз пардаи сиррӣ гузоштаанд. Миралӣ Куганов: «Ҳамин хел чанд маризро бурда дар Душанбе ташхис карданду сиҳат бароварданд, онҳо ҳамсояҳои манн буданд, ва аксари онҳо фавтид аз ҳамин маризӣ»

Қиёмиддин Муродов, сокини дигари мавзеъ мегӯяд, агар силро ба расмият шиносанд, пас мутобиқ ба талаботи беҳдоштӣ пунбакорӣ дар мавзеъ аз байн меравад. Зеро мардуми мариз набояд заҳмати сангин кунанд. Онҳо ҳадди ахир бояд боғкор бошанд. Мева метавонад, ҷони мардумро бихарад ва аммо ба буҷаи ноҳия зарар меорад.
Аз ҷониби дигар, сатҳи пасти зиндагонӣ ба хуруҷи сил мусоидат дорад. Ҷӯрахон Исмоилов, сардухтури беморхонаи сил дар минтақа мегӯяд, дар мавзеъ беш аз 90 дарсад одамон дар таркиби худ барангезандаи ҳамин маразро доштаанд. Микроби сил тавассути ҳаво сироят карда, то 15 соли дигар дар бадан боқӣ мемонад ва чун хӯрокворӣ камғизо шуд, ин дард хурӯҷ мекунад. Ба истилоҳи дигар, будану набудани сил ба ҳамёни мардум бастагӣ дорад.

Ва аммо кишоварзон дар ноҳияи Восеъ, ба вижа сокинони деҳоти мариз чи маош мегиранд?
Ба иттилоъи худи сокинони мавзеъ аксари сокиинони деҳоти мавзеъ ба иллати дардмандӣ бознишаста шудаанд, вале нафақапулии онҳо аз 15-20 сомонӣ беш нест. Маоши кишоварзон дар як рӯз аз ду сомонӣ аст. Ин пулро ҳини пахтакорӣ мегиранд, илло бекоранд.

Теъдоди маризон, ки пайваста меафзояд, дақиқан муайян нест. Ба унвони мисол, дар деҳаи Кафтархона беш аз 700 нафар маризанд. Тибқи иттилоъи расмӣ дар беморисони Восеъ соли пор 137 мариз, бо шумули 16 кӯдаки то синни даҳсола бистарӣ будаанд, Ва аммо дар бунгоҳи тибби Ғелот, деҳаи дигари мариз гуфтанд, ки дар ҳамин қасаба 25 кӯдак мубтало ба сил будаанд. Теъдоди маризонро дар мавзеъи маъруф ба «Ун руи об» шояд касе надонад, аммо метавон деҳотеро номбар кард, ки сил дар он фарогир аст: Учқун, Нунҷавмаст, Кафтархона, Пушёни Боло, Пушёни Миёна, Пушёни Поин, Сартез, Сино, Ғелот.

Тибқи иттилоъи Абдулло Абдуллоев, вакили маҷлиси ҷамоати деҳоти Пушён, дар Пушёни Поин 50 хонавода, Пушёни Миёна 40 оила ва аз Пушёни Боло 50 хонавода ба пуррагӣ аз ҳамин мараз фавтидаанд. Сафаров Зайниддин, як сокини деҳаи Уҷқун, ки зиндонӣ будааст, мегӯяд:«Ман 4 сол дар зиндон дар Русия будам, чун омадам, ҳисоб кардам, ки дар муддати набудани ман дар қишлоқ 105 кас аз ҳамин касалӣ фавтидааст. Бовар кунед, шароити зиндагонӣ дар деҳаи мо аз зиндон бадтар аст!»»

Аз ҷониби дигар сил пул ҳам ҳаст - ҳар моҳ аз буҷаи вилоят ба маблаги 1.200 сомонӣ ба ҳар як беморхона ҷудо мегардад. Тӯли сол созмонҳои "Мерлин" ва Салиби Сурх ба ин беморхона ҳудудан 19 000 сомонӣ кӯмак мекунанд. Лоиҳаҳое барномарезӣ мешаванд, ки маблағҳои ҳангуфт ба вазорати тандурустӣ ворид мегарданд ва аммо сил ҳамоно ҳукмрони мавзеъ аст ва суоли чӣ бояд кард муаллақ мондааст.

Ин сару садо дар ҳоле ба гӯш мерасад, ки Султон Пиров дигар аз зиндагонӣ умед надорад. Зеро ба гуфти худи Султон, ӯро ду сол қабл бо иллати набуди пули табобат табибон аз сафи зиндаҳо бадар кардаанд.


PS: Вақте гузориш омода мешуд, аз Восеъ хабар расид, ки Султон Пиров, қаҳрамони гузориш фавтидааст.
XS
SM
MD
LG