Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сенздаҳ ҳазор маризе, ки шоколад намехӯранд


Бӯстонбибӣ Мирзоева, модари Дилнозаи 12-сола мегӯяд, фарзанди ӯ як сол қабл ба якборагӣ вазнашро гум карда бемадор шуд ва эҳсоси ташнагиаш ҳам назар ба қабл бештар шуд. Пизишкон дар паи ташхисҳои мутакаррир маризии ӯро ҳаргуна тавзеҳ мекардаанд, аммо ниҳоят, баъд аз ҳафт моҳи гирифторӣ пизишкон ҳукм кардаанд, ки Дилноза гирифтори сил аст. Муолиҷаи шурӯъшуда аммо ҳоли Дилнозаро аз буда бадтар кард ва баъди муддати дигар собит шуд, ки ӯ мубталои бемории қанд будааст. Бӯстонбибӣ Мирзоева модари Дилноза мегӯяд:

«Дилноза аз дарди меъдааш шикоят мекард ва ман ҳам гумон мекардам, ки меъдааш иллат дорад ва ӯро дар Қарияи боло аз ташхиси духтурон гузаронидем. Ҳамон вақт аллакай қандаш баланд будааст, вале духтурҳо нафаҳмиданд ва ӯро тамоман аз дигар хел табобат карданд. Ба ҷузъ аз як профессор дигар ягон духтур маризии Дилнозаро муайян карда натавонист. Ва ҳоло духтарам табобат гирифта истодааст ва ба ӯ пайваста доруи инсулин мегузаронанд.»

Имрӯз дар Тоҷикистон 13 ҳазор нафар мисли Дилноза аз мизони болои қанд дар хунашон азият мекашанд, беш аз 200 нафари онҳо кӯдакону наварсон мебошанд. Пизишкон мегӯянд, аз як сӯ ин маризӣ бо роҳи ирсӣ ба вуҷуди тифл интиқол меёбад, ва аз сӯи дигар, сари вақт табобат накардани бемории ғадуди зери меъда боиси пайдоиши бемории қанд мешудааст. Ҳамчунин табибон мегӯянд, истеъмоли аз меъёр зиёди хӯрокҳои серғизо низ ба ғадуди зери меъда таъсир расонда, хатари гирифториро ба бемории қанд зиёд мекунад.

Назира, ки 14 сол дорад, хуб дарк мекунад, ки ӯ аз кӯдакони дигар комилан тафовут дорад. Ба ӯ мисли дигар ҳамсолонаш хӯрдани шоколаду ғизохои серравған иҷозат дода намешавад. Ҳарчанд. мегӯяд ӯ, дилаш баъзан бисёр мехоҳад, ки озодона бемаҳдудият яхмосу қанду кулчақанд бихӯрад.

«Вақте ки дугонаҳоям ва дигарон яхмосу шоколад мехӯранд, ҳавасам меояд, вале модарам мегӯяд, ман набояд яхмосу ширинӣ бихӯрам чунки касал мешавам. Ман ҳам маҷбур мешавам, ки нахӯрам.»

Моҳбегим Давлатмамадова, мудири шӯъбаи маркази эндокронологии Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар маркази онҳо то имрӯз наздик ба 40 нафар кӯдакон бо ҳамин беморӣ ба қайд гирифта шудаанд

«Чун ин бемории ғадуди зери меъда аст дар вақти иллат ёфтан ва ба касалиҳои сироятӣ дучор шудани ғадуди зери меъда, ин ҳам ба бемории қанд оварда мерасонад.»

Дар ҳамин зимн, Мунаввар Қаюмова, сарвари яке аз созмонҳои ҷамъиятие, ки бо гирифторони бемории қанд кор мебарад, мегӯяд, имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба бемории қанд ҳамчун вабо баҳо медиҳад:

«Маризии қанд ҳамчунон дар ҳоли рушд аст, ки ҳатто аз рӯи нишондоди ин беморӣ дар Тоҷикистон, ки аллакай 200 кӯдакро ташкил мекунад, шахсро ба воҳима меандозад. Инҳо кӯдаконеянд, ки аллакай ба дору вобаста шуда ба онҳо ҳамарӯза сӯзандоруи инсулин гузаронида мешавад. Ва барои зинда мондан ҳамеша зери назорат қарор доранд»

Бахшида ба рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории қанд, ки рӯзи 14 ноябр таҷлил мешавад, дар пойтахти кишвар барои кӯдакони мубтало ба ин маризӣ як маъракае гузаронида мешавад ва барояшон ройгон доруву навъи вижаи ғизоҳо тақсим мешаванд.
XS
SM
MD
LG