Камбудии маблағ ба марги беморони сил сабаб мешудааст.
Саъдулло Сайдалиев, раиси Маркази мубориза бо сил сабабҳои дигари афзоиши ин беморӣ дар Тоҷикистонро чунин шарҳ дод:
«-Якчанд омилҳое ҳастанд, ки ба авҷгирии бемории сил оварда мерасонад. Асосан, шароити дар сардӣ зиндагонӣ кардан, вазъи бади иқтисодию иҷтимоӣ, кам ғизо хӯрдан, ба маҳбас гирифтор шудан, ҳолати рӯҳии вазнин, муҳоҷирати меҳнатӣ ва дигарҳо омилҳое ҳастанд, ки ба афзудани бемории сил оварда мерасонанд. Зеро барангезандаҳои сил аксар вақт дар аъзои одам маҳфуз ҳастанд ва дар сурати пайдо шудани имконият, авҷ мегиранд.»
Тибқи маълумоти расмӣ, феълан, ҳар сол дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор мубталои бемории сил сабти ном мешавад, ки ҳамасола ҳудуди 500 нафари онҳо фавт мекунанд. Маргу мири беморони сил дар соли гузашта, ҳудуди 500 нафарро ташкил додааст, ки нисбат ба як соли пеш, қариб 100 нафар бештар шудааст.
Ҳоло мушахас карда шудааст, ки дар Тоҷикистон аз ҳар 100 ҳазор сокини кишвар 7 нафар бо иллати сил мемирад.
Муовини вазири тандурустии Тоҷикистон Нусратулло Файзуллоев, ҳарчанд нахост теъдоди фавтидагони бемории силро ошкор кунад, аммо гуфт, вазъи муриш аз бемории сил ташвишовар аст. Вай гуфт: «Муриш аз бемории сил дар ҳақиқат 7,1 нафар ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ дар ҷумҳурӣ рост меояд. Имрӯз, ба беморон доруворӣ дода истодаем, ба ғайр аз ин аз тарафи як қатор ташкилотҳо хурокворӣ дода истодаем.»
Нусратулло Файзуллоев афзуд, ҳоло дар кишвар беморони сил ройгон табобат мешаванд.
Аммо Гурез Раҷабов, як нафар сокини ноҳияи Кӯлоб, ки фарзандашро барои табобат ба Душанбе овардааст, гуфт, ки дар беморхонаҳо фақат доруҳои арзон дода мешаванд:
«-Доруҳои якумдараҷаро ройгон медиҳанд, лекин, доруҳое, ки қиматанд, яъне доруҳое, ки аслан барои табобат заруранду қиматашон гарон аст, онҳоро то рафта нахарӣ, дар он ҷо дарёфт намекунӣ. Доруе ҳаст, ки як донааш 90-100 сомонӣ аст. Зӯри мо барои харидории дорувор нарасад, ҳам лекин маҷбурӣ, барои фарзандат гову мошинатро фурӯшӣ ё аз ягон ҷо қарз бигирӣ, бояд бихарӣ.»
Бино ба иттилоъи Маркази мубориза алайҳи бемории сил дар Тоҷикистон, дар кишвар теъдоди гирифторони бемории сил сол ба сол афзоиш меёбад ва алъон аз ҳар 100 ҳазор нафар аҳолии кишвар 127 нафар мубталои бемории сил мешудаанд.
Барои рафъи бемории сил маблағҳои бузурге, аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ҷудо шудаанд. Айни замон, Хазинаи глобалии СММ 14,2 миллион доллар ва созмони байналмиллалии ҲОУП ҳудуди 20 милион доллар барои рафъи ин беморӣ кӯмак кардаанд.
Уйгурохои бечора дар кчои олам ороми надоранд , дах сол пеш як дусти уйгури моро аз бозори корвон милисахо капида бурданд то хозир не хаташ аст не хабараш , хамон вакт гуфта буданд ки ба хитой фиристодан , прокуратура дар авал дело кушода буд бадан делоро атменит кард , хамон рузу шаб бист уйгурро аз душанбе ба хитой бурданд , касе ба доди шикояти наздикхои онхо то хол нарасидаст , базеашона пропавший безвести гуфтан.
Омадани Байден ба маснади роҳбари ИМА тағйироти ҷиддие дар дунё хоҳад расонд. Интизорем то Навалний коре кунад то пуштибони фасодзадаҳо ва режими диктаторӣ ва хонаводагӣ аз кишварҳои ОМ рӯбида гардад, то мардум нафаси озод кашанд ва бубинанд сартватҳои мардум фақат дар кисаи як хонавода гирд меомадааст.
Муҳтарам Хусрав Дамонзода шумо дар ҳақиқат дар гапатон меистода будастаед ва маҳз аз рузи 6-уми январ ки шумо ба он маҳалла ташриф овардед сохтмони корхонаи пластики манъ нашуд баракс авҷ гирифт . аз кучо барои шумо саломатии сокинон арзиш дорад.
Салом . Агар дигарандеши, ба манфиати дигарон бошад, ба зарари миллат, ва манфиати миллат, ва амнияти миллат ва фоидаи ғарб бошад чи? Юристи азиз агар торихро назар кунӣ ҳамеша ғарб бо шарқ хуб набуд и нахоҳад шуд. Дигарандеши дар ҳамон америка, ки ҳама аз у тақлид мекунад ду ҷараён (партия) вуҷуд дорад як қисми мардуми Амрико норози ҳастан аз амали демократҳои худашон чаро? Камтар таҳлил кун аммо на кур курона. Агар ҳарфҳои ман шуморо нороҳат кард узр мехоҳам. Аммо инро бидон ҳақиқати майдони ҳамин ҳаст на расонаҳо
Аз мо бошад боз зиндонхои нав сохта истодаанд. Дар зиндонхои тчк шумораи одамон аз узб зиед аст.